Чавгонбозони тоҷик соҳиби гувоҳнома гардиданд
Душанбе, 16.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-8 нафар чавгонбози тоҷик дар Эрон соҳиби гувоҳнома гардид.
Гувоҳномаҳоро ба чавгонбозони тоҷик масъулини Федератсияи варзиш ва ҷавонони Эрон дар маросими тантанавӣ, ки дар он Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Абдулҳамиди Аҳмадӣ — мушовири олӣ ва муовини фарҳангии Вазорати варзиши Эрон ҳузур доштанд, тақдим намуданд.
Дипломати тоҷик ин маросимро барои ҷавонони чавгонбози тоҷик таърихӣ арзёбӣ карда, гуфт: «Барои мо боиси ифтихор аст, ки ду кишвари дӯст — Эрон ва Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ бо ҳамдилӣ ҳаракат мекунанд ва бо кумаки бародарони эронӣ тавонистем чавгонро дар миёни аввалин гурӯҳи ҷавонони тоҷик густариш диҳем ва умедворам, ки дар айёми Наврӯз бо таваҷҷуҳ ба назари Сарвари давлати Тоҷикистон шоҳиди як бозӣ миёни чавгонбозони ду кишвар бошем».
Назар ба иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангии тоҷик дар муассисаи фарҳангии ЭКО, Федератсияи чавгони Эрон пешниҳод намудааст, ки дар оянда омӯзиши чавгон барои бонувони тоҷик низ роҳандозӣ шавад ва федератсия дар ин замина ҳамкорӣ хоҳад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки 8 нафар ҷавони тоҷик дар асоси тафоҳумномаи ҳамкории варзишӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон муддати 45 рӯз аз устодони варзидаи Эрон нозукиҳои ин бозии бостониро омӯхта ва бар пояи ин тафоҳумнома қарор аст ин бозии қадимӣ дар Тоҷикистон низ эҳё гардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






