Чорабинӣ ба поси хотири ҷанговарони интернасионалист
Хуҷанд, 14.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба 26-умин солгарди аз марзи Афғонистон баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии хотирмон баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи ташкилии мақомоти ноҳияи Б.Ғафуров иттилоъ доданд, баҳри пос доштани хотираи ҷанговарон — интернатсионалистон дар ноҳия бо иштироки намояндагон аз макомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва наздик ба 30 нафар собиқадори ҷанги Афғонистон ва пайвандони афсароне, ки дар ин ҷанг қурбон гаштаанд, чорабинии ёди хотираҳо доир гашт.
Иштирокдорони чорабинӣ дар назди лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони ҷанги Афғонистон, воқеъ дар дар маркази шаҳраки ҷамоат лаҳза хотираи ин шаҳидонро пос дошта, гулчамбар гузоштанд. Сипас дар мачлисгоҳи макомоти ноҳиявӣ бо иштироки раиси ноҳия А. Маннонзода чорабинии тантанавӣ баргузор шуда, ба иштирокдорон сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти ноҳия дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






