Дар ҳавзаи интихоботии Конибодом се номзад сабқат мекунад

Февраль 18, 2015 16:16

                Душанбе, 18.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дар Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Конибодом №19  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 129 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 4 ҳазору 250 нафараш бори аввал дар интихобот иштирок менамояд». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Азим Бобоҷонов,  раиси комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Конибодом №19  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.         
          Мавсуф афзуд, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи интихоботии Конибодом №19   57 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, ки дутоаш дар беморхона ва қисми ҳарбӣ фаъолият мекунад. 
           Дар интихоботи парлумонӣ, ки 1 март таъйин шудааст, дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом 3 номзад — Равшан Раҷабов аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, Дилбар Сулаймонова -худпешбар аъзои ҲХДТ ва Шокирҷон Ҳакимов -худпешбар, аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. 
    Азим Бобоҷонов гуфт, ки ду номзади дигар -Аҳмадҷон Неъматов ва Баҳобир Саидов, ки ҳар ду худпешбаранд, номзадияшонро бозпас гирифтаанд.           
 

Февраль 18, 2015 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид