Дар ҳавзаи интихоботии Конибодом се номзад сабқат мекунад
Душанбе, 18.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дар Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Конибодом №19 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 129 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 4 ҳазору 250 нафараш бори аввал дар интихобот иштирок менамояд». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Азим Бобоҷонов, раиси комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Конибодом №19 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи интихоботии Конибодом №19 57 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, ки дутоаш дар беморхона ва қисми ҳарбӣ фаъолият мекунад.
Дар интихоботи парлумонӣ, ки 1 март таъйин шудааст, дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом 3 номзад — Равшан Раҷабов аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, Дилбар Сулаймонова -худпешбар аъзои ҲХДТ ва Шокирҷон Ҳакимов -худпешбар, аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Азим Бобоҷонов гуфт, ки ду номзади дигар -Аҳмадҷон Неъматов ва Баҳобир Саидов, ки ҳар ду худпешбаранд, номзадияшонро бозпас гирифтаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






