Дар Душанбе рӯзи Артишро ҷашн мегиранд

Февраль 20, 2015 11:31

Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ«Ховар», Муқаддас Темурзода).-  Пагоҳ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири ин мақомот ва ҳайати шахсии  вазорат чорабинии идона баргузор мегардад.
 Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод, 22 феврал бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона дар назар аст.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки 23 феврал бо иштироки вазири мудофиа ва роҳбарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулгузорӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки имсол ба таъсиси Артиши миллӣ 22 сол пур мешавад. 

Февраль 20, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид