Дар Фархор се нафар номзадиашонро бозпас гирифт
Душанбе, 23.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Се нафар дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 номзадиашонро ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ бозпас гирифт. Инҳо Нуриддин Азаматов, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Сафаралӣ Шарифов намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Мавлонбӣ Тӯраева, худпешбар мебошанд.
Насрулло Валиев -раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Фархор №34 дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар ҳавзаи мазкур се номзад -Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, Зайниддин Юсуфов, намоянда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Юсуфхон Сайфиддинов, ки худпешбар аст, бо ҳам рақобат менамоянд.
Насрулло Валиев афзуд, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 шаступанҷ участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, ки аз он 45 ададаш дар ҳудуди ноҳияи Фархор ва 20 -тои дигараш дар чор ҷамоати ноҳияи Панҷ фаъолият дорад. Инчунин аз ин теъдод ду қитъаи овоздиҳӣ дар ҳудуди қисмҳои низомӣ ташкил шудааст.
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 ёздаҳ ҳазору 732 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 1908 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок намуда, ба номзади арзанда раъй медиҳанд. Инчунин Н. Валиев афзуд, ки 9 ҳазору 590 нафар интихобкунанда дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ -интихоботи парлумонӣ, дар тамоми қитъаҳои овоздиҳӣ шароити мусоиди райъдиҳӣ фароҳам оварда шудааст, таъкид кард Н. Валиев.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






