Дар мактабҳо дарс сар шуд
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 2 феврал, мактабхонони Тоҷикистон баъди таътили тӯлонии зимистона ба машғулият шуруъ карданд.
Бо фармони вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саидов таътили зимистонаи мактабиёни Тоҷикистон як моҳ — аз 1 январ то 1 феврали соли 2015 идома ёфт.
Ёдовар мешавем, ки се сол муқаддам Вазорати маориф ва илми кишвар таътилҳои тирамоҳию баҳории мактабхононро манъ карда буд. Пештар талабаҳои мактабҳои миёна аз 1 то 12 январ истироҳат мекарданд, ҳоло таътили онҳо як моҳ давом мекунад.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли гузашта хонандагон дар давраи таътили зимистона дар дарсҳои иловагӣ иштирок мекарданд, имсол аз ин амалия даст кашида шуд. Хонандагон мебоист дар хонаҳояшон китобҳои бадеиро, ки Вазорати маориф ва илм барои донишкадаҳо тартиб додааст, мутолиа мекарданд.
Муаллимон дар давраи таътили зимистона дар курсҳои такмили ихтисос машғулият доштанд.
Дар давраи таътили зимистона барои истироҳати талабаҳо чорабиниҳои зиёде аз қабили намоиши барномаҳои солинавӣ, намоишномаҳои театрҳо ва сирки давлатӣ рӯи кор оварда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






