Дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба Ҷопон меравад
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол иборат аз бозингарони соли таваллудашон на болотар аз 2000 — ум дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷопон иштирок мекунад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа аз 23 то 30 март дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор гардида, дар он 10 даста иштирок менамояд.
Қаблан Иттиҳодияи футболи Ҷопон федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро барои иштирок дар мусобиқа даъват намуда буд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U — 16) оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов намояндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дастаи наврасони кишвар бояд дар вохӯриҳои интихобии мусобиқоти Осиё — 2016 иштирок намояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






