Дидори дастаҳои «Истиқлол” бо «Эрбил”

Февраль 24, 2015 10:23

Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва «Эрбил”-и Ироқ, қаҳрамони чоркаратаи ин кишвар 25-уми феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, бошгоҳи футболи «Эрбил» бо  27 нафар  ба Душанбе омадааст. Ба ҳайати даста 19 бозингар, ки дар байни онҳо танҳо як легионер — Надим Сабоҳ Аҳмад, ҳимоятгари 29-солаи мунтахаби Сурия ҳаст, шомиланд. 
Инчунин дар ҳайати «Эрбил” ба Душанбе ду бозингари мунтахаби Ироқ омадаанд, ки дар ҳайати мунтахаби ин кишвар ба наздикӣ дар Ҷоми КФО-2015 дар Австралия бозӣ карданд. 
Гуфта мешавад, доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол” ва «Эрбил” аз Ӯзбекистон мебошанд. Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бухоро, сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола ба ҳайси доварони марзии майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимови 26-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаковаз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд. 
Дастаи  «Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи «С” рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-уми феврал то 13-уми майи соли равон баргузор мешаванд. 

Февраль 24, 2015 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид