Дидори Хусрав Нозирӣ бо Ёсир Мурод
Душанбе, 17.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 16 феврали 2015 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод даъватномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни 2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 баргузор хоҳад гардид, супорид.
Муовини вазири корҳои хориҷии Миср бо изҳори ташаккур аз даъватномаи мазкур ва бо қадрдонӣ аз нақши боризи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд, ки кишвараш ният дорад дар конфронси Душанбе дар сатҳи баланди шоиста ва ба таври фаъол иштирок кунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






