Дидори «Истиқлол» бо «Хайр» барои Ҷоми олии Тоҷикистон
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо тасмими ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе барпо гардид, бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва «Хайр”-и Ваҳдат, ҷоизадори нуқраи бозиҳои қаҳрамонии кишвар 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин ҷаласа, инчунин оғози мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар нимаи дувуми моҳи апрел таъйин гардид. Бо тасмими кумитаи иҷроия санаи аниқи оғози мусобиқа баъди анҷоми бозиҳои интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 бо ширкати дастаи «Хайр” эълон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ғолиб омад ва бори чаҳорум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






