Душанбе ва Лондон аз андозбандии дукарата канорагирӣ менамоянд

Февраль 25, 2015 15:30

            Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ояндаи наздик Душанбе ва Лондон аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя  канорагирӣ менамоянд. Дар иртибот ба ин 25 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи  байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба тасвиб расониданд, ки ин санад моҳи июли соли 2014 дар Лондон ба имзо расонида шудааст.
             «Ҳадафи асосии санади мазкур фароҳам овардани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандӣ намудани  даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда ва бартараф намудани андозситонии дукарата аст», гуфт муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷаласаи Парлумон.
     Мавсуф афзуд, ки татбиқи масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалби сармоягузориҳои мутақобила дар байни кишварҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад. Дар доираи ин санад масъалаи андозбандии даромади амвол, музди меҳнат,   сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилотӣ байни мақомоти салоҳиятдор ба танзим дароварда мешаванд. Санади мазкур  ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт боз ҳам тақвият бахшида,  ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, афзоиши сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
       Таҳлилҳо далели онанд, ки дар давлатҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ҷой дорад, афзоши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд гардидани сармои хориҷӣ мушоҳида мегардад.     
     Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар бахши иқтисод сол то сол густариш ёфта, танҳо дар соли 2014 гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон бо ин кишвари аврупоӣ 11,6 миллион $ -ро ташкил дод, ки аз он  609 ҳазор $ содирот ва 11 миллион $ -ро воридот ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо 30 давлати дунё чунин созишномаҳоро ба имзо расонидааст. 
 

Февраль 25, 2015 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд