Душанбегиҳо ҷашни Наврӯзро дар куҷо истиқбол мегиранд?

Февраль 16, 2015 14:03

      Душанбе, 16.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе чун солҳои қаблӣ дар Боғи “Наврӯзгоҳ” 23 март таҷлил мешавад. Ин матлаб 16 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр гардид.
    Ҳамзамон  шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки 21 март ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо истиқбол гирифта, 24 март дар пойтахт маъракаи сабзкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт гузаронида мешавад.
    Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳолати зимистонгузаронӣ, вазъи санитарию экологии пойтахт, насби камераҳои мушоҳидавӣ дар иншоотҳои пойтахт ва дигар масоили марбут ба беҳдошти фаъолияти инфрасохторҳои пойтахт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон  матраҳ гардиданд.
 
 
 
 

Февраль 16, 2015 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид