Душанбегиҳо ҷашни Наврӯзро дар куҷо истиқбол мегиранд?
Душанбе, 16.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе чун солҳои қаблӣ дар Боғи “Наврӯзгоҳ” 23 март таҷлил мешавад. Ин матлаб 16 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр гардид.
Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки 21 март ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо истиқбол гирифта, 24 март дар пойтахт маъракаи сабзкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт гузаронида мешавад.
Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳолати зимистонгузаронӣ, вазъи санитарию экологии пойтахт, насби камераҳои мушоҳидавӣ дар иншоотҳои пойтахт ва дигар масоили марбут ба беҳдошти фаъолияти инфрасохторҳои пойтахт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






