Эрон: “Арзёбӣ ва беҳсозии вазъи маводи нашъаовар”
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дуюмин вохӯрии байналмилалии вазирон ва роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои минтақа таҳти унвони “Арзёбӣ ва беҳсозии вазъи маводи нашъаовар” 16 феврали соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Покистон, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.
Масъалаҳои вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, роҳҳои инкишоф додани ҳамкорӣ дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки фақат муборизаи муштарак ва дастаҷамъона метавонад пеши тамоюлҳои манфии интиқоли маводи нашъаоварро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо гирад.
Тоҷикистонро дар вохӯрии мазкур муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ҳ. Маҳмудзода муаррифӣ намуд ва доир ба иҷрои Изҳороти муштараки “Муколамаи Душанбе”, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамкорӣ бо мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, гузаронидани амалиёти якҷоя, пурзӯр намудани ҳамкориҳои муштарак иттилоот дод.
Инчунин ба ҳозирин дар бораи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси дар соли 2015 дар шаҳри Душанбе гузаронидани Конфронси минтақавии СҲШ дар сатҳи олӣ бо иштироки давлатҳои нозир, шарикони мусоҳибавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои маводи нашъаовар маълумот дода шуд.
Дар поёни вохӯрӣ иштирокчиён Изҳороти муштаракро қабул намуда, пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар хусуси гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар соли 2016 дар ин кишвар пазируфтанд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






