Гузориши нахуствазири Ҷопон
Душанбе,02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи гузориши расмии нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ Ҷопон ба терроризм гузашт намекунад ва ёриҳояшро ба эътилофи зидди «Давлати исломӣ» густариш медиҳад. Гуфта мешавад, ки дабири ҳайати вазирони Ҷопон Йошиҳиде Суга “Давлати исломӣ”-ро барои нашри навори видеоӣ маҳкум кард ва гуфт, ки аъзои калидии ҳукумати Ҷопон барои баррасии ин мавзӯъ ташкили ҷаласаи вижа мекунанд.
Душанбе,02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» расман иқрор шуданд, ки назоратро дар шаҳри Қубони, воқеъ дар сарҳадоти байни Сурия ва Туркия аз даст додаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки муҳориба ва бархурдҳои мусаллаҳона дар шаҳри Қубони аз 5 уми октябри соли 2014 то имрӯз идома дорад. Вобаста ба нооромиҳо садҳо нафар курдтаборон иҷборан дар қисми ғарбии Туркия панаҳ бурданд.
Душанбе,02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар яке аз ибодатгоҳои шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон таркиши мудҳиш ба амал омад. Дар вақти ҳодиса 60 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмӣ шудааст. Ба гуфти роҳбари кормандони полиси маҳаллӣ инфиҷор бар асари фаъол гардонидани таҷҳизоти таркандаи фосилавӣ ба амал оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки масъулияти ин амалро гурӯҳи «Ҷундуллоҳ»,ки яке аз шохаҳои ҷудошудаи «Таҳрики-Толибон»-и Покистон мебошад, ба уҳда гирифтааст.
Душанбе,02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар яке аз минтақаҳои кӯҳии шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
миёни гурӯҳи ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ва низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тирпарронии мутақобила ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 3 тан сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расид. Ва дар бораи фавти толибон то ҳол маълумоти дақиқ нарасидааст. Хотиррасон менамоем, ки аз оғози соли ҷорӣ то инҷониб ҳалокати 3 393 нафар низомии хориҷӣ дар Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳоро сарбозони неруҳои амрикоӣ ташкил медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






