Инъикоси дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии мардум дар «Ҳақиқати Суғд»
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар баробари нашру пахши мавод дар воситаҳои ахбори омма дар вилоят гузаронидани озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои «Наврӯзи байналмилал-ифтихори тоҷикон» ва «70-солагии Fалаба дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», баргузории спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шоҳмот ва шашка, гузаронидани «Рӯзи дарҳои кушод» ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин раванд дирӯз конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85-солагии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» дар мавзӯи «Инъикоси мавзӯъҳои дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии мардум дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо иштироки васеи олимон, собиқадарони соҳа ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Адиб ва муаррихи барҷаста, профессор Усмонҷон Fаффоров дар конфронс дар бораи фаъолияти самарабахши сармуҳаррирони собиқи нашрияи рақами якум, журналистони варзида, адибони нуктадон ибрози ақида намуда, ба аҳли қалами рӯзнома барқияҳои академикон Бобоҷон Fафуров ва Зариф Раҷабовро, ки ба муносибати 40-солагии ҷашни рӯзнома фиристода будаанд, ҳамчун рамзи эҳтиром супурд, то ки хонандагон аз он бохабар бошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






