Инъикоси дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии мардум дар «Ҳақиқати Суғд»

Февраль 26, 2015 09:47

Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тавре ки  хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар баробари нашру пахши мавод дар воситаҳои ахбори омма дар вилоят  гузаронидани озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои  «Наврӯзи байналмилал-ифтихори тоҷикон» ва «70-солагии Fалаба дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», баргузории спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шоҳмот ва шашка, гузаронидани «Рӯзи дарҳои кушод» ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин раванд дирӯз конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85-солагии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» дар мавзӯи «Инъикоси мавзӯъҳои дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии мардум дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»  бо иштироки васеи олимон, собиқадарони соҳа ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Адиб ва муаррихи барҷаста, профессор Усмонҷон Fаффоров дар конфронс дар бораи фаъолияти самарабахши сармуҳаррирони собиқи нашрияи рақами якум, журналистони варзида, адибони нуктадон ибрози ақида намуда, ба аҳли қалами рӯзнома барқияҳои академикон Бобоҷон Fафуров ва Зариф Раҷабовро, ки ба муносибати 40-солагии ҷашни рӯзнома фиристода будаанд,  ҳамчун рамзи эҳтиром  супурд, то ки хонандагон аз он бохабар бошанд.
 
 
 
 
 

Февраль 26, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад