Интихобот- маъракаи муҳими сиёсист

Февраль 23, 2015 16:17

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-20 феврал устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти қудратӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар он Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ва Раҳим Хоҷаев, муовини сардори раёсати молия ва иқтисоди ВКД, подполковники милитсия, Сарвар Холиқзода, муовини сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. 
Ба иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева ҳадафи вохӯрии мазкур шарҳ додани моҳияти интихоботи дар пешистода, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад, иброз дошт муовини ректор оид ба тарбия Лутфия Абдухолиқзода. 
Давлат Назаров зикр намуд, ки новобаста ба чорабиниҳои пешгирикунанда ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, мутаассифона, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сол аз сол рӯ ба болоравӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли соли 2014 аз тарафи ноболиғон 800 ва аз ҷониби ҷавонон 5 ҳазору 341 ҳолати содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора 82 ҷиноят аз тарафи донишҷӯёни макотиби олии кишвар содир гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳои оморӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
 
 
 

Февраль 23, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст