Интишори нашрия дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад, ки маълумоти муфассалро дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаю бахшҳои иқтисодиёт тайи моҳи охир ва оғози солро дар бар мегирад.
Назар ба иттилои агентии мазкур, дар гузориш перомуни нишондодҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ вазъи натиҷаҳои фаъолият тайи моҳҳои соли ҷорӣ ва соли гузашта зикр дода мешавад. Нашрия дар асоси маълумоти мақомоти омори давлатии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
Дар гузориш ҳамчунин аз рӯи соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, равобити иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нархҳо, молия, бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ муфассал хабар дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






