Иродаи худро бо такя ба хирад изҳор кунед

Февраль 27, 2015 16:09

Душанбе, 27.02.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрўз гарчанде мо- муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳукми қисмат дар мулкҳои ғарибӣ қарор дорем, вале таваҷҷуҳи беандозаамон пайваста ба ҷараёни омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот, ки бояд 1-уми март дар Тоҷикистон баргузор гардад, равона шудааст, зеро аз натиҷаи ниҳоии интихобот ҷараёни минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоииТоҷикистон ва мардуми он муайян мегардад. 
Мо дар муҳоҷират, дур аз Ватан бошем ҳам,  наметавонем, ки нисбат ба ин рўйдоди сиёсӣ бетараф бошем, зеро новобаста ба он, ки  дар куҷо қарор дорему дар куҷо заҳмат мекашем, мо ТОҶИКИСТОНИЕМУ Ватанамон ТОҶИКИСТОН  аст. 
Мо, муҳоҷирон лаҳзае наметавонем бе ёди Ватан бошем, ба он хотир, ки ғамхории давлати азизамон, Ҳукумати Тоҷикистонро ҳамеша, дар ҳар куҷо эҳсос мекунем. Ҳар оне, ки муддати тўлонӣ дар муҳоҷират қарор дорад, ин андешаро ҷонибдорӣ хоҳад кард. Имрўз ҳама медонад, ки давлати мо дар тўли солҳои охир муваффақ гардид, то дар самти фарогирии аҳолӣ бо шуғл ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тағйироти мусбат ворид намояд. Кўшиши ҳукумати кишвар ҳамеша ба он равона аст, ки ҳарчи бештар дар худи Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва ба ин восита сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо паст намояд. Давлатамон дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар кишварҳои хориҷ талошҳои зиёд кард: қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатиро бо қонунгузории кишварҳои хориҷӣ мутобиқ гардонид,  талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунандаро омўхта, дар асоси ин талаботҳо мутахассисонро омода ва равон месозад. Инчунин доир ба қабули шартномаи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, аз ҷумла, бо роҳи ҳавасмандгардонии хизматрасонӣ чораҷўӣ намуд. Ин тадбирҳо бевосита бо талошҳои Президенти давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва амалӣ шуданд, ки дар натиҷаи ин иқдомҳо барои мо муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар низ барои кору зиндагӣ имконияту шароити нисбат ба солҳои пешин мусоидтар фароҳам гардидааст.
Мардуми бофарҳангу ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба ояндаи дурахшон умед дошту минбаъд низ назари нек дорад. Ва имрўз низ итминони Сарвари давлатамон, ки борҳо ҳангоми муроҷиат ба мо-тоҷикистониён изҳор гаштааст, ба он аст, ки ҳамаи мо дар якҷоягӣ минбаъд низ  барои таъмини зиндагии пурсаодати халқамон, ноил шудан ба дастовардҳои нав қадамҳои устувор гузорем. 
Мо бояд дар атрофи Сарвари давлат бошем ва барои ободии кишварамон камари ҳиммат бандем. Мо дар марҳилае қарор дорем, ки бояд касе хомўшу бетафовут наистад, дар акси ҳол ин бетафовутии мо барои душманони миллат, ки ҳаргиз хоҳони тинҷию оромии мамлакат нестанд,   имконият фароҳам хоҳад овард, то ба осонӣ бо овардани далоил аз камбудиҳои мавҷуда, ки пешрафтатарин давлатҳои дунё аз ин қабил камбудиҳо орӣ нестанд, мардумро ба шўр биёранд.
Мо муҳоҷирони меҳнатӣ бо итминон изҳор менамоем, ки бо роҳбарии Сарвари кишварамон ҳамаи мушкилотро сарҷамъона, бо шукр аз сулҳу оромӣ бартараф месозем. 
Хоҳиши мо ин аст, ки мо мардуми Тоҷикистон бояд бедору ҳушёр бошем, дилсўзи миллату мамлакати худ буда, бетафовутиро як сў гузорем ва бо дилу нияти соф барои ободии кишварамон, устувории пояи давлати тозаистиқлоламон кӯшиш ба харҷ диҳем. Дониста бошем, ки наҷотдиҳандаи иқтисодиёту маънавиёти миллати тоҷик танҳо худи моем.
Тавре ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умедворанд, мо бояд намунаи таҳаммулгароӣ бошем, яъне ҳангоми пешбурди корҳои омодагӣ ба интихобот ва дар ҷараёни ин маъракаи барои мардум тақдирсоз маданияти баланди сиёсиву ҳуқуқӣ нишон диҳем.  Дастаҷамъиву хирад ва нияти неки мо дар раванди ин маърака бояд ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистони азизамон мусоидат намояд.
Шукргузор аз он бошем, ки давлатамон дар ҳар куҷо ҳамчун шаҳрванд эътироф намудаву аз ҳуқуқҳои мо дифоъ ва ҳуқуқи моро барои овоз додан дар интихоботҳо таъмин менамояд. Мо — тоҷикистониён метавонем берун аз Тоҷикистон низ бемамониат аз ҳуқуқҳоямон дар интихобот истифода кунем. Чунин ҳуқуқҳоро на ҳама муҳоҷирон дар кишварҳои дигар доранд. 
Агар мо — ҳар як тоҷикистонии муҳоҷир, ки ҳар лаҳза бо ёди Ватан диламон гум мезанад,  ҳоҳиши давлати воқеан муқтадиру тавоно ва аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ пурқудрат, зиндагии шоиста дошта бошем, бояд дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории сохти конститутсионӣ, демократию дунявӣ, ободию озодӣ овоз диҳем!
Бо хотири ояндаи неки фарзандон дар ҷараёни интихобот фаъол бошед, иродаи худро бо такя ба хирад изҳор кунед, ҳамдиёрони азиз!
 
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягии «Иттифоқи тоҷикони Русия»
дар вилояти Свердловск Зайниддин Шарипов 
 
 

Февраль 27, 2015 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд