Иштирок дар интихобот- татбиқи кафолати конститутсионӣ

Февраль 25, 2015 10:00

Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст, 24 феврал ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев бо донишҷӯён суҳбат гузаронид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева А. Солиев ҳуқуқ ва масъулияти шаҳрвандонро дар раванди интихобот, рӯзи баргузории он, тартиби овоздиҳӣ, тарзи пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ, шиносоӣ бо барномаҳои пеш аз интихоботии номзадону ҳизбҳо ва дигар паҳлуҳои ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ тавзеҳ дод.
Мавсуф аз ҷумла таъкид кард, ки иштирок дар интихобот- ин амалӣ намудани кафолати конститутсионии мост ва ҳар як интихобкунанда ба виҷдони худ такя намуда, бояд ба номзади арзанда овоз диҳад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванд дар ин чорабинии муҳим бетарафӣ зоҳир накарда, бо масъулияти баланд муташаккилона дар он бояд иштирок намояд. 
 

Февраль 25, 2015 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад