Иштироки корхонаҳои ресандагӣ дар намоиши Истанбул
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Панҷ корхонаи ресандагӣ — “Ваҳдат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Олим Текстайлз”, “Ортекс” ва “Тента-Кӯлоб” аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ дар дувоздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (БМТ), намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мешавад ва корхонаҳои Тоҷикистон чаҳорумин бор пай дар пай дар он иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ширкатҳои тоҷик солҳои гузашта бо иштирок дар ин намоишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда наздик аз 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худ, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба тамошо хоҳанд гузошт.
Ёдрас мешавем, ки ҷиҳати рушди тавонои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






