Истеъфои сармураббии «Регар-ТадАЗ» рад гардид

Февраль 5, 2015 11:28

Душанбе, (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Менеҷери клуби футболи «Регар-ТадАз» Носир Бобоҷонов хабари истеъфои сармураббии даста Алишер Ҳақбердиевро рад намуд.
Тавре ки мавсуф дар ин бора ба сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, қаблан тавассути якчанд нашрия дар ВАО хабаре паҳн шуд, ки сармураббии «Регар-ТадАЗ» Алишер Ҳақбердиев аз даста меравад. Менеҷери клуб Носир Бобоҷонов ин хабарҳоро гапи бофтаи рӯзноманигорон меҳисобад.
«Хабар оид ба истеъфои Алишер Ҳақбердиев ягон асоси воқеӣ надорад. Ин сафсата ва гапи бофтаи рӯзноманигорон аст.  Ҳақбердиев дар вазифаи сармураббии клуби мо мемонад. Ман намедонам аз куҷо гирифта бошанд, ки гӯиё мо Алишерро ба истеъфо мефиристонида бошем. Ман бо рӯзноманигоре, ки дар ин мавзӯъ навиштааст, суҳбат доштам ва аз ӯ суол кардам, ки инро кӣ ба ту гуфт? Вай ба ман ҷавоб медиҳад, ки «ба ман ҳамин хел гуфтанд». Хандаовар аст, ин чӣ маънӣ дорад «ба ман ҳамин хел гуфтанд»? Пеш аз навиштан, бояд дурустии хабар таҳқиқ шавад», — гуфт Бобоҷонов дар мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти клуб Музаффар Мадалиев ба торнамои расмии ФФТ хабар додааст, дар ин миён охири ҳафтаи гузашта барои нахустин бор дар соли нав ҷаласаи аъзои клуб доир шуд. Дар ҷаласа сармураббии металлургчиён Алишер Ҳақбердиев нақшаи кории дастаро барои моҳи дар пешистода фаҳмонида доданд. Регариҳо аз 3-юми феврал ҷамъомади омӯзишӣ-машқии нахустини худро оғоз карданд. Як рӯз пеш роҳбарияти клуб дар мувофиқа бо сарпарасти даста ба унвони ФФТ мактуб ирсол карданд, ки дар он иштироки «Регар-ТадАз» дар мусобиқаҳои мавсими футболи имсола тасдиқ мешуд. Сабқати аввал дар мавсими футболи имсола барои металлургҳо Ҷоми ФФТ мебошад, ки марҳилаи пешакии он аз 15 феврал шурӯъ мешавад.

Февраль 5, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид