Истиқбол аз рўзи Артиши миллӣ дар Кӯлоб
Кўлоб, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Ба ифтихори 22-юмин солгарди Артиши миллӣ дар шаҳри Кўлоб ҷамъомади идона доир шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кўлоб Хайруллои Амонулло ҷамъомадагонро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, артиши миллиро сипари боэътимоди марзу буми Ватан хонд ва нақши артишро дар таҳкими сулҳу субот муҳим арзёбӣ намуд. Дар ҷамъомад собиқадорони ҷангу меҳнат, шоиру нависандагон сухан гуфтанд.
Бахшида ба ин ҷашн аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб ба як гурӯҳ афсарону сарбозони қисмхои низомӣ, ходимони комиссариатҳои ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардўст, иштирокчиёни бартарафсозии фоҷеаи Чернобил ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






