Кӯлоб: Шиносоии ҳайати корӣ бо корҳои сохтмонӣ
Кӯлоб, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёду барқарорсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 700-солагии мутафаккири Машриқзамин Мирсаид Алии Хамадонӣ, 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Кӯлоб гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ бо роҳбарии раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ Абдувалӣ Комилзода ва директори Институти лоиҳакашии сохтмони асосии назди Ҳукумати ҶТ Абдуҷалол Ахмедов аз иншооти бунёдшаванда дидан карданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо раванди корҳои ободонию созандагии Боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр, сохтмони ҳавзи шиноварӣ дар маҳаллаи Ш.Шоҳин ва бинои истиқоматӣ дар хиёбони Исмоилии Сомонӣ шинос шуда, ба масъулин дастур доданд, то дар сохтмон ба саҳлангорию бепарвоӣ роҳ надода, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмониро ба роҳ монанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






