Коллеҷи милиса довталабонро қабул мекунад

Февраль 10, 2015 15:18

Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).-  Назар ба  иттилои  ВКД ҶТ,  коллеҷи  милисаи  Вазорати  корҳои дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабули  довталабонро  барои  соли  таҳсили  2015 — 2016  эълон  мекунад.
Манбаъ ҳамчунин  хабар  медиҳад, ки  ба  коллеҷ  довталабон  аз  ҷумлаи ятимон,  фарзандони  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ,  ки  ҳангоми  иҷрои вазифаи  хидматиашон ҳалок шудаанд,  ҳамчунин шаҳрвандони  дигари  Тоҷикистон қабул  карда  мешаванд.
Коллеҷи  милиса   барои  ниҳодҳои  махсуси  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  кишвар  мутахассис  тайёр  мекунад. Таълимот  дар  коллеҷ  бо  истифода  аз маблағҳои  буҷа,  сарфи назар  аз  мансубияти  нажодӣ, ҷинс,  забон ва  вазъияти  иҷтимоӣ  сурат  мегирад. 
Барои таҳсил  шахсони  синнашон  аз  15 то  20 — и дорои  маълумоти  миёнаи  нопурра  барои  таҳсили  чорсола, ҳамчунин  синнашон  аз  17  то 27 — и  дорои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  барои таҳсили  сесола қабул  карда  мешаванд.
Ҳангоми  интихоби  номзадҳо ба  сифатҳои  психологӣ,  шахсию   касбӣ, вазъи  саломатӣ ва тайёрии  ҷисмонии онҳо таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  мегардад.
Синни  номзадҳо барои  дохилшавӣ ба  коллеҷ то вазъи 1  сентябри  соли  дохилшавӣ  ба  назари  эътибор гирифта  мешавад. 
 

Февраль 10, 2015 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид