Корхонаҳо барои ҳимояи ҳуқуқи кормандон вазифадор шуданд
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои роҳбарону корхонаҳо ва инчунин пешгирӣ намудани баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолияти корӣ байни кордиҳанда ва коргар ба вуқӯъ меоянд, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд машварат баргузор гардид. Дар он муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов иброз намуд, ки: «Мувофиқи маълумоти шуъбаи омори шаҳри Хуҷанд имрӯз дар шаҳр ҳазору 367 адад корхона, ташкилоту муасиса фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 882 адади онҳо шартномаи меҳнатӣ байни кордиҳанда ва корфарморо ба имзо расонидаанду халос».
Ҳамчунин муовини раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи вилояти Суғд Абдураҳмон Раҳимов дар бораи роҳҳои баста шудани шартномаи коллективӣ маълумот дода, гуфт ки шартномаи колективӣ аз рӯзи ба имзо расидан эътибор пайдо мекунад, муҳлати шартнома аз ҷониби ҳарду тараф муайян мешавад. Бино ба маълумоти муовини раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи вилоят баста шудани ин гуна шартномаҳо дар муасисаҳои ҳудуди вилоят буда, ба муҳлатҳои гуногун, яъне дар давоми аз 1 то 5 сол ба имзо расонида мешавад. «Аммо имрӯз бисёр корхонаву муасисаҳо аз бастани чунин шартнома худдорӣ мекунанд»,- афзуд муовини раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи вилояти Суғд.
Ҳамчунин Мансур Тоҷиев, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд зикр намуд, ки бояд ҳар як корхонае, ки зиёда аз 3 нафар корманд дорад, ҳатман ташкилоти ибтидоии итифоқи касабаро ташкил намояду бо корфармо шатномаи коллективиро ба имзо расонад. Дар шартномаи мазкур бояд имтиёзҳо ва ё шартҳои иловагӣ байни корфармо ва корманд аз тариқи боб ва моддаҳо ба таври хаттӣ дарҷ гардад. Дар натиҷаи ба шуғли ғайри расмӣ машғул шудан, шаҳрванд аз имтиёзҳои давлатӣ, яъне гирифтани нафақапулӣ, баромадан ба рухсатии меҳнатӣ маҳрум мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






