Кумаки Туркия ба нобиноёни Тоҷикистон

Февраль 18, 2015 14:01

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз аз ҷониби ташкилоти «Рушд ва хамкории Туркия» (ТИКА) ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе таҷҳизоти мухталиф барои суръат бахшидан ба чопи китобҳои дарсӣ бо ҳуруфоти брайлӣ ва сабт намудани китобҳои гӯё ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини вазири маориф ва илми ҶТ Тоҷиниссо Маҳмадова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонов, ёрдамчии сафири Туркия дар Тоҷикистон,  раиси ташкилоти «Рушд ва ҳамкории Туркия» (ТИКА) Мустафо Бутун, директори шуъбаи Оперейшен Мерси дар Тоҷикистон хонум Андрея Вогт ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.  
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе Холмад Тенгниев гуфт, ки ин гуна корҳои хайр аз ҷониби Туркия бори аввал набуда, чанде пеш низ ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Туркия кумак,  аз қабили хӯрокворӣ расонида шуд.
«Ғайр аз ин бояд зикр намоям, ки имрӯз байни директори шуъбаи Оперейшен Мерси дар Тоҷикистон ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкории 3 сола ба имзо хоҳад расид, ки ин созишнома тайёр кардани соҳибкорон аз байни нобиноён, навиштани нақшаи соҳибкорӣ, омӯзиши компютер ва забони англисӣ барои нобиноён, гузаронидани чорабиниҳои гуногунро дар байни нобиноён дар бар мегирад»,- гуфт Холмад Тенгниев. 
 
 

Февраль 18, 2015 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст