Лоиҳаи иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ
Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ семинари ниҳоӣ доир ба Лоиҳаи «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, намояндагони Бонки Рушди Осиё, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллии лоиҳа иштирок доштанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ба намояндагони гурӯҳи корӣ ва Бонки Рушди Осиё изҳори минатдорӣ намуда, барои идома ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани ин иқдоми нек ҳозиринро роҳандозӣ намуд.
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷӣрат ва шуғли аҳолӣ, Лоиҳаи «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон» аз ҷониби ширкати консалтингии Олмон POHL Concultanse бо истифода аз кумаки техникии Ҳукумати Япония таҳия гардида, дар ҷараёни семинар намо (дизайн)-и он пешкаш гардид.
Қобили зикр аст, ки гурӯҳи мушовирон кори худро аз 15 июли соли 2014 шурӯъ карда, дар муддати кутоҳтарин нақшаи кориро омода намуда, барои шиносоӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронид.
Дар асоси фаъолияти дуҷониба ва ҷиҳати амалӣ намудани барномаи Бонки Рушди Осиё барои гузаронидани корҳои таъмирӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо техникаи замонавӣ 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ интихоб гардид.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






