Лоиҳаи иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ

Февраль 2, 2015 11:21

Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ семинари ниҳоӣ  доир ба Лоиҳаи «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти  касбӣ-техникии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, намояндагони Бонки Рушди Осиё, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллии лоиҳа иштирок доштанд.
 
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ба намояндагони гурӯҳи корӣ ва Бонки Рушди Осиё изҳори минатдорӣ намуда, барои идома ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани ин иқдоми нек ҳозиринро роҳандозӣ намуд.
 
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷӣрат ва шуғли аҳолӣ, Лоиҳаи «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти  касбӣ-техникии Тоҷикистон» аз ҷониби ширкати консалтингии  Олмон POHL Concultanse бо истифода аз кумаки техникии Ҳукумати Япония таҳия гардида, дар ҷараёни семинар намо (дизайн)-и он пешкаш гардид.
 
Қобили зикр аст, ки гурӯҳи мушовирон кори худро аз 15 июли соли 2014 шурӯъ карда, дар муддати кутоҳтарин нақшаи кориро омода намуда, барои шиносоӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронид.
 
Дар асоси фаъолияти дуҷониба ва ҷиҳати амалӣ намудани барномаи Бонки Рушди Осиё барои гузаронидани корҳои таъмирӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо техникаи замонавӣ 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ интихоб гардид.
 
 
 
 
 

Февраль 2, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа