М. Убайдуллоев муроҷиати вазоратро ҷонибдорӣ кард
Душанбе, 17.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе муроҷиати Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро дар мавриди ташкили ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар пойтахт ҷонибдорӣ карда, қарори марбута ба тасвиб расонд. Дар иртибот ба ин рӯзҳои 21-22 феврали соли равон аз соати 8:00 то 17:00 дар ҳудуди таваққуфгоҳи назди Маҷмааи савдои “Пойтахт-90” ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо созмон дода мешавад.
Дар асоси қарори мазкур раиси шаҳр ба масъулини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаи пойтахт супориш додааст, ки бобати дар баланд гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳои муассир андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






