Мақолаи Сафири Тоҷикистон дар маҷаллаи Покистон доир ба интихобот
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маҷаллаи бонуфўзи Ҷумҳурии Исломии Покистон «Daily Times» мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононовро таҳти унвони «Elictions in the Republic of Tajikistan: some important legal points» (Назаре ба чанд ҷабҳаҳои ҳуқуқии интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) –ро чоп намуд, ки дар он ҳолатҳои ба заминаи ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани интихобот дар Тоҷикистон, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интихобот, аз ҷумла ваколатҳои Маҷлиси намояндагон, молиякунонии маъракаи интихобот, мақоми мустақилияти комиссияҳои интихоботӣ ва мушоҳидачиёни маҳаллию байналмилалӣ инъикос шудаанд.Раванди маъракаи кунунии интихобот, шумораи номзадҳои пешбаригардида аз ҳизбҳои сиёсӣ, маълумоти муфассал дар бораи низоми интихобот ва иштироки мушоҳидачиёни байналмилалӣ дар мақоли нигошта шудаанд.Ҳамчунин дар мақола диққати асосӣ ба ҳимоя ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дода шуда, дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — ҳамчун ҳомии Конститусия ва қонунҳои, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдории давлат, нисбати шаффофу озод ва бо таври демократӣ гузаронидани интихоботи парламентӣ шарҳ дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






