Марги 10 нафар дар Ҳиндустон
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз дар яке аз роҳҳои нақлиётгарди иёлати Мадҳия-Прадеши Ҳиндустон бар асари тасодуфи нақлиёти автобуси мусофиркашонӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, 50 каси дигар захми гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки дар миёни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ мебошанд. Ҳангоми сар задани ҳодиса дар дохили нақлиёти мусофирбар 60 нафар мусофир қарор доштаст.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳи гузашта дар минтақаи кӯҳии Вихилии Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия бар асари фаромадани тарма як автомобили сабукрав, ки дар дохилаш 3 нафар қарор дошт, аз баландии 150 метр ба ҷарӣ сарозер гардида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Лозим ба ёдоварист, ки аввали моҳи январи соли равон дар минтақаи Кособи кишвар дар натиҷаи лағзиши замин аз баландии 100 метр автомобили сабукрав ба ҷарӣ сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса 4 тан ба ҳалокат расидааст.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои расида, субҳи имрӯз неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Миср дар амалиёт бар зидди гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои қаламрави Либия ширкат карда, истеҳкоми онҳоро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Гуфта мешавад, ки неруҳои низомии Либия низ дар ин амалиёт ширкат доштанд. Фармондеҳони ҳарду кишвар изҳорот доданд, ки дар оянда низ амалиёти муштараки мушобеҳро роҳандозӣ мекунанд.
Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз як зани номаълум муҳимоти таркандаи хамроҳи худро дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Даматур инфиҷор дода, дар ҷои ҳодиса 16 нафар ба ҳалокат расида,10 каси дигар захм бардоштааст. Бояд гуфт, ки шаҳри Даматур дар қисми шимолу шарқии Нигерия ҷойгир буда, дар ин ҷо ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» доимо даст ба ҳамлаю қатлу ғорат мезананд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






