Марги 20 нафар дар Либия
Душанбе,19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Ҷумҳурии Мисри араб аз Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш менамояд, ки барои мубориза бурдан алайҳи гурӯҳҳои ҷангии тобеи «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Либия кумаки худро расонад. Неруҳои Миср қароргоҳҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро, ки дар шаҳри Дернаи Либия, дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Миср воқеъ аст, гулӯлаборон карданд. Гуфта мешавад, ки дар пайи зарбаҳои ҳавоии Миср ба шаҳри Дернаи Либия 20 нафар ба ҳалок расида, чанд нафари дигар захмӣ гаштааст. Дар байни қурбониён аҳолии осоишта низ ҳаст.
Душанбе,19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Швейтсария бо эътино ба оқибатҳои офати табиӣ вазъияти фавқулода эълон шудааст. Аз сабаби боришоти зиёди борону барф обхезии шадид ба амал омадааст. Обхезӣ ба яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ таҳдид дошта, беморон ба дармонгоҳҳои дигар таҳвил дода шудаанд. Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои хатарнок кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва фавқулода дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Душанбе,19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Италия ҳукуматдорони Италия тасмим доранд, ки ҳарчи зудтар кумаки молиявии худро барои ҷилавгирӣ аз табларзаи «Эбола» дар Африқои Ғарбӣ ва Либерия то итмоми соли 2015 идома диҳад. Бояд гуфт, ки ҳукумати Италия аз оғози хуруҷи ин бемории хатарнок дар Африқои Ғарбӣ ва Либерия барои мубориза бо он 7,6 миллион евро ҷудо кардааст.
Душанбе,19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз аз ҷониби кормандони қудратии Нигер 160 нафарро бо ҷурми даст доштан
дар амалҳои террористӣ бо гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» боздошт намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл дар ин минтақа силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» амали террористӣ анҷом дода, бар асари он чанд нафар сокини кишварро ҳалоку захмӣ намуданд. Алҳол боздоштшудагон мавриди тафтишу пурсиши кормандони мақомоти мубориза бар зидди терроризм қарор доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






