Маркази нави хидматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо дастури раиси раёсати «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода корҳои зарурӣ барои афзоиш ёфтани намояндагиҳои бонки мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ноҳияи Рӯдакӣ маркази нави хидматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардида, кормандони масъули бонк ба манзури баланд бардоштани сатҳи воқифияти аҳолӣ аз хидматрасонии бонкӣ бо сокинони ноҳия вохӯрданд.
Дар ҳоли ҳозир «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ намояндагӣ ва 16 маркази хидматрасонӣ дорад, ки онҳо ба 23 ҳазору 946 нафар нафақахӯрон, 7 ҳазору 337 нафар амонатгузорон, 210 ташкилоти буҷавӣ ва 239 ташкилоти ғайрибуҷавӣ хидмат мерасонанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






