Машварат дар Сарраёсати геология
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар маҷлиси машваратӣ, ки 5 феврал дар Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид, масоили таҳқиқи геологии қаъри замини Тоҷикистон, ҳамчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарраёсати геология хабар медиҳад, дар машварат «Ҳисобот дар бораи корҳои анҷомёфта ҷиҳати таҳқиқи геологии қаъри замин тайи соли 2014 ва дурнамои кор барои соли 2015» баррасӣ шуд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, роҳбарони Сарраёсати геология ва намояндагони 16 ширкати хориҷию маҳаллӣ вазъи татбиқи лоиҳаҳои оид ба таҳкиқи геологии конҳои маъдан, ҳамчунин истихроҷи канданиҳои фоиданокро муҳокима намуданд.
Сардори Сарраёсати геология Мурод Ҷумъазода зарурати таҳти назорат гирифтани иҷрои шартҳои созишномаҳои лоиҳавиро хотирнишон сохт.
«Алҳол дар кишвар беш аз 20 ширкати дохилию хориҷӣ ба таҳқиқ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғуланд. Дар сурати шартҳои созишномаро иҷро накардани онҳо барои бозхондани иҷозатномаҳояшон чораҳои дахлдор дида мешаванд», — гуфт Мурод Ҷумъазода.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






