Милитсия: Мусодираи зиёда аз 30 кг маводи мухаддир
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Нурулло Алиев бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 30 кг 50 грамм маводи нашъаовари навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Зимни як амалиёти махсуси дигар дар ҳудуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Валади Муборакқадам, соли таваллудаш 1995 аз ҷониби кормандони милитсия бо 250 грамм маводи сахттаъсири героин дастгир гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Аз рӯйи маълумоти манбаъ соли 2014 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






