Мо ҷавонон нисбати тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бетараф нестем

Февраль 25, 2015 14:38

 
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Руқияи Боймамад).- То интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст ва хабарнигори «Ховар» бо як зумра ҷавонони шаҳр суҳбат орост перомуни ин мавзӯъ, ки «Оё ҷавонон оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ маълумот доранд ё на »?  
Аз назарпурсие, ки мо анҷом додем, бармеояд, ки ҷавонон имрӯз аз варақаву овезаҳо ва иттилооте, ки аз тарафи КМИР дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои давлативу хусусӣ ва раҳгузарон тақсим шудаанд, маълумоти пурра гирифтаанд.  
 
«Ховар»: Рӯзи 1-март кадом маъракаи муҳими сиёсӣ баргузор мегардад? 
 
Моҳинав Наврӯзова, донишҷӯи бахши 4-уми ДМТ: «1-уми март рӯзи интихобот аст ва мо  дар ин рӯз вакили арзандаро интихоб мекунем. Ман аввалин бор ба ҳавзаи интихоботӣ меравам ва бовар дорам, ки овози ман барои ояндаи ҷомеаи мо як зарра ҳам боша, кумак мекунад». 
 
Азиза Саидова, сокини ҷавони пойтахт аз рӯзи баргузории интихобот огоҳ ҳаст ва бовар дорад, райъи ӯ дар интихоботи қарибулвуқуъ нақши муҳим мебозад: “Овози  ман ояндаи маро месозад. Мо ҷавонон ояндаи миллатем ва овози мо дар ин маъракаи муҳим басо ҳалкунанда аст. Барои рушду нумуи кишвар, барои беҳ шудани оянда бояд овоз дод.”   
 
«Ховар»: Шумо вобаста ба интихоботи дар пешистода чӣ назар доред? 
Асрор Олимов,  донишҷӯ: — «Интихоботи дар пешистода ин як маъракаи муҳими сиёсист ва мо ҷавонон бояд вакили арзандаи худро интихоб кунем, то ояндаи дурахшон дошта бошем. Фикр мекунам, ки интихобот шаффофу озод мегузарад. Аллакай дар донишгоҳи мо ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст ва аз ҳамсабақонам хоҳиш мекунам, ки дар ин маърака фаъол бошанд». 
 
«Ховар»:  Ба ақидаи шумо номзадҳое ки ба вакилӣ пешниҳод гаштаанд, ба талаботи вакили оянда ҷавобгӯ ҳастанд ё на? 
 
Темур Раҳмонов, донишҷӯ: — «Ҳар номзаде, ки пешниҳод шудааст, аз ин 8 ҳизб, ҳар нафараш бо барномаҳои худ дар шабакаҳо баромад кардааст ва аз суханрониҳояшон бармеояд, ки барои ояндаи ҷомеаи мо талош мекунанд. Агар ҳизбҳои мо инҳоро интихобу номзадиашонро пешниҳод кардаанд, пас мо низ бояд бо бовар гӯем, ки ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Ман чун як ҷавон  вакили ояндаро аллакай интихоб кардаам ва нахустин бор дар ин маърака ширкат меварзам». 
 
«Ховар»:  Ба назари шумо вакил кадом шахс шуда метавонад?  
 
Нисо Шарипова, сокини пойтахт: — «Пеш аз ҳама шахсе бошад, ки маълумоти олӣ дошта бошад ва аз ҳама соҳаҳо бохабар бошад, он ваъдаҳое, ки вакилон пеш аз интихобот дар барномаҳояшон мегӯянд,  бояд дар оянда аз пайи иҷрои он шаванд.  Ба ҳалли мушкили мардум наздик бошанд.  Ҳар вакил бояд мақсад гузорад, ки на барои мансаб пайдо кардан, балки барои пойдориву устовории ҷомеаи имрӯза саҳми худро гузорад ». 
 
     Иддае аз ҷавонон, ки нахустин бор дар интихобот ширкат мекунанд, мегуфтанд, ба вакиле хоҳад райъ дод, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ҷавонон,  қонунеро ҷорӣ намоянд, ки  барои ҷавонон шароити кор, таҳсил ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти ононро бештар мусоидат  кунанд. Аксари ҷавонон ба он номзадҳое овоз медиҳанд, ки  нахустин шуда, қонун дар бораи пурра ройгон шудани ташхису табобати тиббӣ, ройгон шудани таҳсил дар  донишгоҳҳо ва ройгон намудани воситаҳои нақлиётро дар парлумон пешниҳод кунанд. 
Аммо зимни суҳбат бо бархе аз ҷавонон маълум гардид, ки  онҳо оид ба мафҳуми парлумон  ҳеҷ маълумоте надоранд. Аз суҳбат аён гардид, ки онҳо 1-уми мартро на рӯзи интихоботи парлумонӣ, балки интихоботи президентӣ мешуморанд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки иштирок дар интихобот- ин амалӣ намудани ҳуҳуқи конститутсионии ҳар як фарди ҷомеа аст ва ҳар як интихобкунанда ба виҷдони худ такя намуда, бояд ба номзади арзанда овоз диҳад.

 

Февраль 25, 2015 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид