Муҳокимаи муноқишаҳои оилавӣ дар Суғд

Февраль 17, 2015 11:33

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд семинар дар мавзӯи «Андешидани чораҳои  мушаххас баҳри аз байн бурдани сабабу шароит ва омилҳои  ба муноқишаҳои оилавӣ мусоидаткунанда, пешгирии  содиршавии ҷиноятҳо дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ»  баргузор гардид.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов оид ба сабаб ва пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ содиршаванда дар миқёси вилоят ҳарф зад.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон оид ба содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, даст ба ҷиноят задани занон, ҳурмату эҳтироми аъзоёни оила, тарбияи дурусти ҷавонону ноболиғон ва ҳамзамон масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон сухан гуфтанд. 
Бахши дуюми семинар ба муҳокимаронӣ бахшида шуд, ки дар он иштирокдорон доир ба масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи ҷанҷолҳои оилавӣ содиршаванда, назорати оилаҳои носолим, пешгирӣ ва манъи хушунату зӯроварӣ дар оила, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, таъсис додани гурӯҳҳои корӣ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони деҳоти дурдаст ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ пешниҳод гардид, ки ҷиноятҳои вазнини дар заминаи ҷанҷолҳои оилавӣ содиршуда дар ҷаласаҳои суди сайёр ва кумитаи маҳаллаҳо мавриди муҳокима қарор дода шаванд.
Ногуфта намонад, ки дар семинар раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода зикр кард, ки дини мубини Ислом ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарии аъзои оила, махсусан зану шавҳарро воҷиб медонад. Ҳеҷ гоҳ шариати исломӣ ба касе иҷозат намедиҳад, ки ҳуқуқу манфиатҳои нафари дигарро поймол намуда, ба таҳқиру пастзании шаъну шараф ва ба куштор даст занад.
Дар хотима муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов семинарро ҷамъбаст намуда ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон бори дигар диққати махсус зоҳир намуд.
 
 

Февраль 17, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад