Муҳокимаи муноқишаҳои оилавӣ дар Суғд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд семинар дар мавзӯи «Андешидани чораҳои мушаххас баҳри аз байн бурдани сабабу шароит ва омилҳои ба муноқишаҳои оилавӣ мусоидаткунанда, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ» баргузор гардид.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов оид ба сабаб ва пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ содиршаванда дар миқёси вилоят ҳарф зад.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон оид ба содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, даст ба ҷиноят задани занон, ҳурмату эҳтироми аъзоёни оила, тарбияи дурусти ҷавонону ноболиғон ва ҳамзамон масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон сухан гуфтанд.
Бахши дуюми семинар ба муҳокимаронӣ бахшида шуд, ки дар он иштирокдорон доир ба масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳои дар заминаи ҷанҷолҳои оилавӣ содиршаванда, назорати оилаҳои носолим, пешгирӣ ва манъи хушунату зӯроварӣ дар оила, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, таъсис додани гурӯҳҳои корӣ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони деҳоти дурдаст ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ пешниҳод гардид, ки ҷиноятҳои вазнини дар заминаи ҷанҷолҳои оилавӣ содиршуда дар ҷаласаҳои суди сайёр ва кумитаи маҳаллаҳо мавриди муҳокима қарор дода шаванд.
Ногуфта намонад, ки дар семинар раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода зикр кард, ки дини мубини Ислом ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарии аъзои оила, махсусан зану шавҳарро воҷиб медонад. Ҳеҷ гоҳ шариати исломӣ ба касе иҷозат намедиҳад, ки ҳуқуқу манфиатҳои нафари дигарро поймол намуда, ба таҳқиру пастзании шаъну шараф ва ба куштор даст занад.
Дар хотима муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов семинарро ҷамъбаст намуда ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон бори дигар диққати махсус зоҳир намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






