Муаррифии нашри махсуси «Элита»
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе барои муаррифии нашри махсуси маҷаллаи «Элита» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), кормандони маҷаллаи мазкур ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Бояд иброз дошт, ки мақсади ҷамъомад муаррифии номзадҳои ҳизби мазкур буд.
Аз маълумоти маҷалла бармеояд, ки дар ҳизби мазкур 27 номзад дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 40 номзад дар ҳавзаҳои якмандата, ки намояндагони касбҳои гуногун мебошанд, аз ҷумла 1 нафар академик, 8 нафар доктор, 16 нафар номзади илм, 17 нафар иқтисодчӣ, 19 нафар ҳуқуқшинос, 25 нафар олим ба қайд гирифта шуда, аз шумораи умумӣ 17 нафараш зан буда, 1 нафар ҷавонтарин номзад, яъне ҷавони 28-сола мебошанд.
Тавре Фаттоҳзода Саидмурод Самад зикр кардааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби марҳалаи нави давлатдории миллӣ-зодаи истиқлолият мебошад. Ин ҳизб ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав бо бартарӣ додан ба арзишҳои миллӣ дар заминаи дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саҳна омада, тавонистааст, ки бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона нуфузу ҷойгоҳи арзандаро дар ҷомеа соҳиб гардад.
«Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсии пешво беш аз 250 ҳазор ҳаммаслакону ҳамтақдирҳоро дар сафҳои худ муттаҳид месозад»,- мегӯяд Фаттоҳзода Саидмурод Самад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






