Мулоқоти А. Абдуллозода бо ҷавонони Ҳисор

Февраль 16, 2015 13:46

Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-13-уми феврали соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо ҷавонону наврасон, аҳли ҷамоат, имомхатибҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ ва омӯзгорону аҳли зиёи ноҳия мулоқот намуд. 
Раиси Кумита мақсади вохӯриро шарҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва гуфтугӯи озоду самимӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ карда, Паёми Президенти кишварро ҳуҷҷати ниҳоят муҳим ва тақдирсоз барои тамоми қишрҳои ҷомеа унвон кард: “Паём қабл аз ҳама барои ҷавонон як роҳнамо, ҳидоятгари роҳи росту бенуқсон ва хиради воло арзёбӣ мегардад, зеро он натиҷаи дастовардҳо, фаъолияти яксолаи Ҳукумати мамлакат ва муайянкунандаи афзалиятҳо барои   як соли оянда мебошад.”
Зимни вохӯрӣ раиси кумита аз таваҷҷуҳи баланди масъулин нисбат ба Паёми имсола гуфт: “Мо бо як масъулияти баланди худшиносӣ ба Паёми имсола таваҷҷуҳ менамоем. Зеро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи он ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштааст, ки “дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.”
-Боварии роҳбари давлат ба ҷавонон масъулияти моро дучанд намуда, аз мо талаб мешавад, ки бештар ба мутолиа машғул гардида, босаводу соҳибмаърифат бошем. Эҳтироми волидайнро ба ҷо оварда, Ватани азизи худро дӯст дорем,- иброз дошт Аҳтам Абдуллозода. 
Дар идомаи суҳбат ба масъалаҳои вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир  шуд. Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо аз варзишгоҳи навбунёди ноҳия, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, сохтмонаш идома дорад, дидан намуд.
 
 

Февраль 16, 2015 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд