Мулоқоти директори АНМН бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо

Февраль 4, 2015 11:58

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- 3  феврал  дар  шаҳри  Душанбе   мулоқоти   директори  Агентии  назорати  маводи нашъаовари  назди  Президенти  ҶТ  Рустам  Назарзода бо  роҳбари ҷузъу  томи  хадамоти равобити  хориҷии  Аврупо Тойво  Клаар баргузор  гардид. Дар  мулоқот  муовини роҳбари хадамоти  Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон Иштва Нитрай   низ  ширкат  дошт.
Назар  ба  иттилои Агентии назорати  маводи  нашъаовари  ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот дурномаи  Агентӣ  бо  Иттиҳоди  Аврупо  дар  масоили   назорати маводи  мухаддир  муҳокима  шуд. Директори  Агентӣ  зикр  намуд, ки  дар ҳошияи Барномаи «Идораи  сарҳад  дар Осиёи  Марказӣ», ки бо  пуштибонии он  сохтмони Маркази таълимии сагомӯзии АНМН  анҷом  ёфт, ҳамкории  зичи Агентии  мазкур  роҳандозӣ   шудааст.
Рустам  Назарзода  ҳамчунин иброз  дошт, ки Агентӣ бо  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи кишварҳои  Аврупо,  ИМА, Чин,  Русия,  Афғонистон,  Қирғизистон ва  Қазоқистон  ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамояд. 
Меҳмонон зикр  намуданд, ки  дар  ҳошияи Стратегияи Иттиҳоди  Аврупо  оид ба Осиёи  Марказӣ ҳамкорӣ  бо  кишварҳои  минтақа  дар  бахши  мубориза бо  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  вусъат  бахшида  мешавад, зеро  ҳалли  ин  мушкилот дар  сатҳи  кишварҳои  алоҳида  имконнопазир  буда,   барои  ин бояд тамоми  ҷомеаи  ҷаҳон  якҷоя саъю  кӯшиш  намояд.

Февраль 4, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид