Мулоқоти Э.Сангинзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Февраль 6, 2015 10:45

Душанбе, 6.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Муовини  якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сангинзода Эмин Нуъмон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар он Андрю Мэйсон, роҳбари бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодчии калон Алексей Случинский 4 феврали соли 2015 мулоқот анҷом дод.
Мақсад аз вохӯрӣ муҳокимаи барномаи умумии корӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, муаррифии натиҷаҳои фаъолияти минтақавии бонк дар соҳаи малака ва шуғли аҳолӣ, инчунин омӯзиши имкониятҳои мавҷуда нисбат ба бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити таназзули иқтисодии минтақавӣ мебошад.
  Тавре ки аз Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат хабар доданд,  вазорат дар гузашта бо Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории зич намуда, лоиҳаи Хазинаи эътимоди зудамали иҷтимоӣ ва лоиҳаи таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоӣ, лоиҳаи Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд, инчунин дар самти муҳоҷират дар доираи лоиҳаи «Устувор намудани низоми мониторинг ва арзёби бо мақсади такмил додани низоми идораи раванди муҳоҷират»-ро бо маблағгузории Фонди рушди институтсионалӣ амалӣ кард.  
 
 
 

Февраль 6, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст