Мулоқоти Н.Ҳикматуллозода бо Р.Жошибоев

Февраль 4, 2015 11:58

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).- 3  феврал  вазири   рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ Неъматулло  Ҳикматуллозода дар  шаҳри  Душанбе бо  муовини  аввали вазири  корҳои  хориҷии  Қазоқистон,  Комиссари  Намоишгоҳи  махсуси байналмилалии ЭКСПО -2017 Рапил Жошибоев  мулоқот  анҷом  дод.
Тавре  ки аз  сафорати  Қазоқистон  дар  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд,  ҷонибҳо  масоили  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии ҳар  ду  кишварро  муҳокима  намуданд. 
Дар  ҳошияи  мулоқот  маросими муаррифии ЭКСПО — 2017  баргузор гардида,  ҷониби  Қазоқистон изҳори  боварӣ намуд, ки  тарафи  Тоҷикистон  дар  ин  чорабинӣ  дар  сатҳи  баланд  иштирок  хоҳад  кард. Қобили  зикр  аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии  ЭКСО — 2017  бори  нахуст  дар  ИДМ ва Осиёи  Марказӣ  доир  гардида,  ба  мавзӯи неруи  барқ бахшида шуда ва масъалаи  имрӯзаи  истифодаи  самарабахши  захираҳои онро инъикос  мекунад. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  зикр  шуд, ки  аз  рӯи  натиҷаи  соли  2014 ҳаҷми  муомилоти  моли  байни Қазоқистону  Тоҷикистон   ба 858,8 миллион  доллар  (содирот — 681,062  миллион  доллар,   воридот — 177,737 миллион  доллар)  расид. Қобили  зикр  аст, ки дар  Тоҷикистон  50  корхона  бо  истифода  аз  маблағҳои  Қазоқистон  фаъолият  дошта, саҳми онҳо  ба  иқтисодиёти  кишвар  беш  аз 125  миллион  долларро  ташкил  медиҳад.
Ҳамзамон  имконоти  дар  шаҳри  Душанбе доир  намудани ҷаласаи  навбатии 12 — уми Комиссияи  байниҳукуматии Тоҷикистону  Қазоқистон  оид ба  ҳамкории  иқтисодӣ, ки  бояд моҳи  марти  соли  ҷорӣ баргузор гардад, мавриди  муҳокима  қарор  гирифт.

Февраль 4, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид