Мулоқоти Шариф Саид бо Че Шаолин

Февраль 3, 2015 11:34

Душанбе,  03.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 2  феврал  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  дар Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  бо   ноиби  президенти Кумитаи  мусоидат ба тиҷорати  музофоти Гуандун Че  Шаолин   мулоқот  анҷом  дод.
Тавре  ки  аз ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мақсад  аз  ин  мулоқот  роҳандозии ҳамкории  иқтисодии  хориҷӣ  ва  илмию  техникӣ  ба  манзури тақвият  бахшидани минтақаи  иқтисодии Роҳи  абрешими байни  Тоҷикистону  Чин  буд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин  имконияти  рушди  ҳамкории  иқтисодӣ  ва сармоягузорӣ  дар  бахши  технологияҳои  муосир,  сайёҳӣ,  фарҳанг,  маориф,  тандурустии  байни  Тоҷикистон  ва  музофоти  Гуандун  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
Шариф  Саид  изҳор  дошт, ки  музофоти  Гуандун  метавонад яке  аз ниҳодҳои асосии ба  Тоҷикистон  ворид  намудани  техникаи  муосир   гардад.  Мавсуф   зикр  намуд, ки  роҳбарони  ҶМЧ  ва  Тоҷикистон тасмим  гирифтаанд, ки тайи  5  соли оянда  ҳаҷми муомилоти  моли  ҳар  ду  кишвар   ба 3  миллиард  доллар  расонида шавад. 
Че  Шаолин  изҳор  дошт, ки  музофоти  Гуандун  дар  намоишгоҳҳои байналмилалии ҶМЧ, ки дар  Тоҷикистон  доир  мешаванд,  иштирок  хоҳад  кард.

Февраль 3, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст