Мулоқоти Шариф Саид бо Че Шаолин
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 2 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ноиби президенти Кумитаи мусоидат ба тиҷорати музофоти Гуандун Че Шаолин мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин мулоқот роҳандозии ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва илмию техникӣ ба манзури тақвият бахшидани минтақаи иқтисодии Роҳи абрешими байни Тоҷикистону Чин буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин имконияти рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши технологияҳои муосир, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф, тандурустии байни Тоҷикистон ва музофоти Гуандун мавриди муҳокима қарор гирифт.
Шариф Саид изҳор дошт, ки музофоти Гуандун метавонад яке аз ниҳодҳои асосии ба Тоҷикистон ворид намудани техникаи муосир гардад. Мавсуф зикр намуд, ки роҳбарони ҶМЧ ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки тайи 5 соли оянда ҳаҷми муомилоти моли ҳар ду кишвар ба 3 миллиард доллар расонида шавад.
Че Шаолин изҳор дошт, ки музофоти Гуандун дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҶМЧ, ки дар Тоҷикистон доир мешаванд, иштирок хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






