Муъминобод: Баррасии Паёми Президент бо аҳли маориф

Февраль 7, 2015 10:43

 Муъминобод, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Вобаста ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҶТ дар ноҳияи Муъминобод вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва кормандони шуъбаи маориф бо хатмкунандагону омӯзгорон доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш нисбат ба соҳаи маориф, хусусан низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ сухан гуфта, изҳор кард, ки дар ин зинаи таҳсилот таълими фанҳои табииву риёзӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулини Вазорати маориф ва илм, роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки доир ба ин масъала тадбирҳои муассир андешанд ва ба хонандагон дар бобати интихоби дурусти касбу ҳунар, аз ҷумла ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникиву технологӣ, ки барои иқтисоди миллии мо хеле муҳиманд, ёрии амалӣ расонанд. Тавре  ки Саъдулло Раҳимов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи  Муъминобод  иброз дошт, дар семинари омӯзишӣ, ки мавзӯи асосии он тарзи супоридани имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ интихоб гардида буд, ба хатмкунандагон роҳнамои довталаб пешниҳод шуд.  
 
 
 
 
 

Февраль 7, 2015 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид