Муроҷиатномаи донишҷӯён ба ҷавонони Ватан
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Созмони ҷавонон, иттифоқи касаба ва Шӯрои духтарони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ 21 феврали соли 2015 муроҷиатномаи якҷоя қабул карданд, ки дар он омадааст: «Мардуми азизи кишвар дар пешорӯи маъракаи басо муҳими сарнавиштсоз ва ояндасоз-интихобот ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо қарор дорад, ки рӯзи якуми марти соли 2015 баргузор мегардад. Мо донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон қарзи ватандӯстӣ ва шаҳрвандии худ мешуморем, ки ба шумо -ҳамсолони азиз муроҷиат намоем, зеро ин интихоб на танҳо интихоби вакилони мардумӣ, балки интихоби роҳи ояндаи мост, интихоби роҳест, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарёфти соҳибихтиёрӣ бо Сарварии пешвои хеш-Эмомалӣ Раҳмон устуворона пеш гирифтааст ва онро собитқадамона ҷонибдорӣ менамояд. Тавре ки Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «Ин интихобот бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мубаддал гардад.
Ҳамсолони азиз!
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Тоҷикистони моро ба маҷрои худ кашида, дар баробари имтиёзоту имконоти зиёд ба мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ кард. Дар ин маҷрои пурталотум ва шароити муборизаи абарқудратҳо барои ҳокимият бар мафкураи инсонӣ на ҳама кишварҳо истодагарӣ карда метавонанд. Вале Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгирона ва санҷидашудаи роҳбар ва пешвои худ дар ин маҷро устуворона пеш рафта, манфиатҳои миллии худро собитқадамона ҳифз карда истодааст.
Мо — ҷавонони тоҷик, ки ояндаи сарнавишти миллати азизамон аз мо вобастагӣ дорад, аз сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, дар татбиқи он саҳми худро гузорем.
Бетардид, саҳми феълии мо иштироки фаъолона ва муташаккилона дар интихоботи қарибулвуқуъ мебошад. Аз ин маъракаи бузурги сиёсивутаърихӣ канора гирифтану дар мавриди он бетафовут будан, бевиҷдонист. Мо бояд ба камоли ақли солим дарк намоем, ки дар марҳилаи кунунӣ ва ҳама вақт манфиатҳои миллии мо аз ҳар гуна манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, мазҳабиву ҳизбӣ боло бошад. Мо бояд ба ҷонибдории нерӯҳои солим, масъул ва ояндасози кишвар овоз диҳем.
Мо, ҷавонони кишвар мушкилоти кунуниро инкор намекунем, вале боварӣ ба он дорем, ки ин ҳама мушкилот аз як тараф муваққатӣ буда, аз тарафи дигар дар баробари дастовардҳои мо бисёр ночиз мебошанд. Боварӣ дорем, ки дар сурати муттаҳиду якдил ва якмаром будан ҳама гуна мушкилотро рафъ менамоем. Пас, биёед ҳама чун як тану як дил, аз як гиребон сар бароварда, ба ҷонибдории ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз овоз диҳем. Ватани мо Тоҷикистон аст ва ҳаргиз зимоми онро ба дасти бегонагон нахоҳем супорид ва Ваҳдату Якпорчагии Ватан ва Ҳамдиливу Сулҳи миллатро рахшадор нахоҳем кард. Мо Тоҷикистонро ба хонаи умеди ҳама тоҷикони дунё табдил медиҳем».








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






